Семинари навбатии илмӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
29 апрели соли 2026 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ семинари илмии навбатӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур масъалаҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳҳои ҳалли онҳо ва нақшаҳои ояндаи кори кормандон, магистрон ва докторантҳои Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи «Коркарди ашёи хоми минералӣ»-и Институти химия ба номи В.И. Никитин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Семинар таҳти роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов бо иштироки муовинони директор Аҳмадзода Матин ва Баротзода Бахтиёр, инчунин ходимони илмӣ ва докторантони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва Институти химия ба номи В.И. Никитин сурат гирифт.
Дар рафти семинар ходими илмии озмоишгоҳи «Коркарди ашёи хоми минералӣ»-и Институти химия ба номи В.И. Никитин Пулатов Ҳасан бо мавзӯи «Асосҳои физико-химиявии ба даст овардани маҳсулотҳои бордор аз маъданҳои боросиликатии Тоҷикистон» баромад намуд.
Дар баромади худ ӯ масъалаҳои коркарди маъданҳои боросиликатӣ бо усулҳои таҷзияи кислотаӣ, гудохткунӣ ва коркарди обиро баррасӣ намуд. Таъкид гардид, ки гузаронидани тадқиқотҳо оид ба омӯзиши асосҳои физико-химиявии коркарди маъданҳои дорои бор бо усулҳои кислотаӣ, обӣ ва спектралӣ, инчунин ба даст овардани кислотаи бор ва маҳсулоти он, аз вазифаҳои муҳим ва мубрам ба ҳисоб меравад.
Баргузор намудани чунин семинарҳо на танҳо сатҳи корҳои илмиро баланд мебардорад, балки дониш ва малакаҳои амалии ҳар як корманд ва ходими илмиро низ сайқал медиҳад.